нишастан

нишастан
[نشستن]
1. сурини худро ба ҷое гузошта, пойҳоро қат ё дароз карда қарор гирифтан, шиштан: ба курсӣ нишастан, дар атрофи сандалӣ нишастан, дар пеши касе нишастан; дузону нишастан ҳар ду зонуро ба замин монда нишастан. зону зада нишастан бо зону нишастан; сари ду по нишастан зонуро қат карда, вале ба замин нарасонда нишастан, диккак нишастан; чорзону нишас-тан пойҳоро қат карда нишастан
2. фурӯ рафтан, чӯкидан; ба замин нишастан ба замин яксон шудан; фурӯ рафтан, чӯкидан
3. фуромадан, поин шудан
4. савор шудан: ба асп нишастан, ба мошин нишастан, ба ҳавопаймо нишастан
5. истиқомат доштан, иқомат кардан, сокин будан
6. часпидан: гард нишастан, хок нишастан, чанг нишастан ба чизе
7. ҳамчун феъл давом доштани амалро ифода мекунад; моҷаро карда нишастан
8. ҳамчун феъли ёридиҳанда феълҳои таркибии номӣ месозад: ором нишастан, бекор нишастан
◊ ба тахт нишастан маросими тахтнишиниро иҷро кардан, ҷулус кардан; подшоҳиро ибтидо гузоштан; бо ҳам нишастан якҷо будан, ҳамроҳ будан; нишастани офтоб фурӯ рафтани офтоб, ғуруби офтоб; нишастани шамол мондани шамол, хомӯш шудани бод, қарор гирифтани шамол; меҳри касе дар дил нишастан касеро дӯст доштан, ошиқи касе шудан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Смотреть что такое "нишастан" в других словарях:

  • ҷо — (ҷой) [جا // جاي] 1. фазо ё масоҳате, ки аз тарафи касе ё чизе ишғол шуда бошад ё ишғол шавад ё мавқеи ягон ҳаракат, амал ва ҳодиса бошад, макон, мавзеъ, маҳал 2. манзили истиқомат, оилаву рӯзгор, бошишгоҳ, манзил 3. мавқеъ, маврид, вақт 4. дам,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • зону — [زانو] банде, ки устухони сонро бо соқи по мепайвандад ва косаи зонуро ба вуҷуд меорад; зону задан а) ба рӯи зону нишастан, сари зону нишастан дар пеши касе барои таъзим ё зорию илтиҷо; б) маҷ. таслим шудан ба касе; зону зада нишастан сари зону… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷим — I [جم] гуфт. дам, ором, хомӯш; ҷим истодан хомӯш истодан, ором нишастан; ҷим нишастан ором нишастан, хомӯш истодан, гап назада, ҷавоб нагуфта нишастан; ҷим шудан хомӯш гаштан II [جيم] номи ҳарфи шашуми алифбои арабиасоси тоҷикӣ, ки дар ҳисоби… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гирд — [گرد] 1. доирашакл, мудаввар 2. атроф, давр, пиромун; гирди… // ба гирди… дар атрофи…, пиромуни…, ба даври…; аз гирди… аз атрофи…, гирдогирди…; гирдгирди… атрофи…, давродаври…; гирду атроф // гирду канор // гирду пеш давродавр, ҳама ҷониби… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дим — [دم] ҳавое, ки нафаскаширо душвор мекунад, ҳавои нафастангкунанда: шаби гарм ва дими тобистон; дим нишастан гуфт. хомӯш нишастан; муқ. дам нишастан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ёзида — [يازيده] сифати феълии замони гузашта аз ёзидан; ёзида нишастан бемалол (озод) нишастан, роҳат карда нишастан; ёзида хобидан дароз кашида хобидан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чашм — [چشم] 1. узви биниш дар инсон ва ҳайвон; чашм(он)и бодомӣ чашми бодомшакл; чашми тар дидаи гирён; чашми тира чашми камнур ва хира; чашм(он)и мешӣ чашмони калон калони сиёҳ; чашмони шаҳло чашми сиёҳи моил ба кабудӣ, ки бисёр зебо ҳисоб меёбад; ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чорзону — [چارزانو] тарзи нишастан, пойҳоро қат карда, андар якдигар гузаронида нишастан: чорзону нишастан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷулус — [جلوس] а. кҳн 1. нишастан 2. бар тахти подшоҳӣ нишастан, ибтидои подшоҳии касе; ҷулус кардан бар тахти подшоҳӣ нишастан, подшоҳ шудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бекорӣ — [بيکاري] 1. бекор будан, машғул набудан бо кори ба ҷамъият фоидабахш; бекор нишастан, бешуғлӣ; аз бекорӣ кадукорӣ (зарб.) аз бекор нишастан бо кори камаҳамият низ машғул шудан беҳтар ва фоидабахш аст 2. таъмин набудани коргар бо кору маоши барои… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»